Об барои ҳаёт
Хоруғ, 22 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).– Дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар шаҳру навоҳии ВМКБ маросими «Соҳили тоза» баргузор гардид. Ба гуфти муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят Фарҳодбек Маҳмадназарбеков, мақсад аз ин тадбир аз партовҳо тоза намудани соҳили ҷӯйю дарёҳост. Масъулияти ин масъала мардумро водор месозад, ки гирду атрофи рӯдхонаҳоро ҳамеша тозаю озода нигоҳ доранд. Дар ин маърака кормандони идораву муассисаҳо, муҳассилину омӯзгорони мактабҳо ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок менамоянд.Ба ақидаи мутахассисони соҳаи тиб, оби ифлос манбаи бемориҳои гуногуни сироятӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин барои тоза нигоҳ доштани он бояд ҳамагон кӯшиш ба харҷ диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






