Офарин, Мавзуна !
Душанбе, 16 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Мавзуна Чориева дар қатори беҳтарин варзишгарони кишвар тавонист роҳхати олимпии навбатиро барои Тоҷикистон дар риштаи бокс ба даст оварад. Ӯ аввалин бонуест аз Тоҷикистон, ки ба ин комёбӣ ноил гардидааст. Ин духтари нозукандоми қавиирода бо зарбаҳои сангини худ дар ринги Чин дар рақобатҳои якҳаштниҳоии чемпионати ҷаҳон муштзани Қирғизистон Антонина Шевченкоро бо натиҷаи 10 бар 2 шикаст дода, ба мақсади худ расид ва ҳамакнун метавонад ба гирифтани яке аз медалҳои чемпионати ҷаҳон талош варзад. Мавзуна дар зӯрозмоии навбатӣ бо Эстели Моссели аз кишвари Фаронса қувва меозмояд. Ба ин тартиб шумораи дорандагони роҳхати олимпӣ дар байни варзишгарони Тоҷикистон ба 13 нафар расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






