Офати табиӣ дар 4 моҳ чӣ қадар хисорот овард?
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, дар 4 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 226 ҳолати офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаҷми зарари он 28 млн. сомонӣ арзёбӣ гардид. Бар асари офати табиӣ даҳҳо километр роҳҳои автомобилгард, манзили зист, замини кишту қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ, шумораи зиёди чорво ва шабакаҳои таъминоти обу кӯпрукҳои пиёдагарду мошингард осеб дидаанд.Танҳо дар вилояти Хатлон зарари аз офати табиӣ расида 10 млн. сомониро ташкил дод. Дар вилоят 421 хонаи истиқоматӣ, беш аз 1600 гектар замини кишту боғу токзор, наздик ба 650 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 31 адад купрӯку 90 км роҳ, шабакаҳои таъмини обу хати интиқоли барқ зарар дида, садҳо сар чорво талаф ёфтаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






