Омӯзиши Паём дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кормандон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакил ба Конфронси 18-уми ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барпо гардид. Дар маҷлиси васеъ вакили маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов ва кормандони Хадамоти муҳоҷират иштирок карда, доир ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёми Роҳбари давлат дарҷ гардидааст, муфассал маълумот доданд. Зимни ҷаласа аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ва дастгирии мақомоти навтаъсиси Хадамоти муҳоҷират суолу пешниҳодҳо ба Сӯҳроб Шарипов- намояндаи мардумӣ манзур гардид. С. Шарипов пешниҳодҳоро хуб пазируфта, баҳри кӯмаку дастгирӣ дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти ҷойдошта омодагии худро баён дошт. Инчунин зимни ҷаласа доир ба интихоби вакили Конфронси 18-уми ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва дигар масоил баррасӣ гардиданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






