Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд

Май 14, 2012 15:13

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Чанд рӯз қабл дар кишвар 67-умин солгарди Рӯзи ғалаба бар фашизми гитлерӣ ботантана таҷлил гардид. Ҷанги Бузурги Ватанӣ – воқеаи мудҳиш ва даҳшатноктарини асри ХХ аст. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 20 миллион мардуми Шӯравӣ ва зиёда аз 50 миллион сокини сайёра ҷони хешро аз даст доданд. Ин ҷанг дар ёду хотироти мардуми сайёра чун хоби даҳшатнок абадан сабт аст, зеро ҳарчанд Тоҷикистон аз хатти фронт дур буд, вале деҳае нест, ки ҷавонони аз сад гул як гулашон нашукуфтаро аз даст надода бошад.- Пос доштани рӯзи Ғалабаи бузург ин эҳтиром ба хотираи бузурги падарону модарони қаҳрамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ аст, -гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳаитбобо Ҳаитов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Турсунзода. Аз ҳудуди шаҳри Турсунзода 4 ҳазору 525 нафар дар набардҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷоннисорӣ карданд. Алҳол 50 нафари онҳо гули сари сабади ҷамъомаду маъракаҳо буда, бо ғамхориҳои ҳаматарафа аз ҷониби Сарвари давлат ва мақомоти иҷроия фаро гирифта шудаанд.

Май 14, 2012 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад