Он рўз Боғи кўдакон бошукўҳтар мегардад
Душанбе, 30 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1 июн дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон таҷлил мегардад. Фарҳод Худоёров, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рўзи байналмилалии кўдакон Раёсати маорифи пойтахт дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбутаи шаҳр баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо тарҳрезӣ намудааст. Макони таҷлили Рўзи байналмилаии муҳофизати кўдакон Боғи кўдакони шаҳри Душанбе буда, дар ин ҷо 1 июн бо иштироки кўдакону наврасони синни 5-12 сола, волидайн, мураббияю омўзгорон, кормандони масъули муассисаҳои томактабӣ ва умумӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии вобаста ба кўдакон чорабиниҳои гуногуни идона ташкил мешавад. Фарҳод Худоёров афзуд, ки дар ин рўз Боғи кўдакони пойтахт ба худ шукўҳи хосса касб менамояд, зеро он намуди идона гирифта, дар гўшаҳояш маҳсули ҳунару истеъдод ва дастовардҳои кўдакону наврасони пойтахт, хусусан расмҳои тасвирнамудаи мусаввирони ҷавон ба маърази тамошо гузошта мешавад. Инчунин ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва консерти идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва ғунчаҳои санъат дар назар аст. Алҳол дар пойтахт 108 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 21 ҳазор кўдак ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки 1 июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Санаи таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон зимни қабули қарор дар иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон дар Париж моҳи ноябри соли 1949 қабул гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






