Озмоиши навбатии тестӣ барои хонандагон
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Аз 10 то 19-уми майи соли ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии бевоситаи шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” озмоиши навбатии саволҳои тестӣ дар байни хонандагони синфҳои 11-ум гузаронида мешавад. Озмоиши навбатии саволҳои тестӣ маротибаи 4-ум буда, аз 11 фан (забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, математика, таърих, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони фаронсавӣ ва забони олмонӣ) бо иштироки 4 250 хонандаи синфҳои 11-уми мактабҳои забони таҳсилоташон тоҷикию русии 16 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар озмоиши мазкур хонандагони 66 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ (аз ҷумла гимназияву литсейҳо) иштирок намоянд. Саволҳои тестӣ аз ду намуд: модели буклети тести умумӣ ва модели буклети тести тахассусӣ иборатанд. Саволҳои модели буклети тести умумӣ асосан аз се фан (забони тоҷикӣ, математика ва таърих) иборат буда, саволҳои модели буклети тести тахассусӣ вобаста аз ихтисос (химия, биология, география, физика, забонҳои хориҷӣ ва ғ.) мебошанд. Бо мақсади таҳия ва омода намудани саволҳои тестӣ барои ҳар як фан гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисон ва омӯзгорони варзидаи мактабу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таъсис шудаанд. Аз тарафи гурӯҳҳои корӣ барои 11 фанни таълимӣ саволҳо таҳия намуда, барои гузаронидани озмоиши навбатӣ пешкаш шудаанд.Мақсади асосии гузаронидани озмоиши хурди саволҳои тестӣ, шинос намудани хатмкунандагон бо намунаҳои саволҳои тестӣ, беҳтар намудани сифати саволҳои тестӣ вобаста ба ҷавоби хонандагон, истифодаи намунаҳои саволҳои тестӣ дар имтиҳонҳои ягонаи марказонидашуда ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки баъд аз ҷорӣ намудани “Системаи ягонаи имтиҳоноти дохилшавӣ” соли 2014 амалӣ мегарданд, мебошад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» Парвиз Саидов иттилоъ дод








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






