Озмун барои таҳсил дар шаҳри Маскав

Май 7, 2012 11:17

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки миллии Тоҷикистон барои хатмкардагон ва хонандагони синфи 11-и мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, ки бо баҳои хубу аъло таҳсилро анҷом додаанд, озмун эълон менамояд. Тавре, ки дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари хадамоти матбуоти Дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғафор Қурбонов иттилоъ дод, мақсади баргузории озмун аз интихоби номзади лаёқатманд (як нафар) барои давом додани таҳсил дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядройи ш. Маскави Федератсияи Россия мебошад. «Номзадҳое пешниҳод мешаванд, ки дорои дониши хубу аъло аз фанҳои забони русӣ, математика ва физика бошанд», — афзуд А. Қурбонов. — Бояд гуфт, ки номзадҳое, ки талаботи озмунро иҷро менамоянд, тибқи тартиби муайяншуда ба курси якуми донишгоҳи номбаршуда аз рӯи ихтисоси “Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ” гузаронида шуда, (баъд аз суҳбат дар ш. Маскав), бо хобгоҳ ва идрорпули (стипендия)-и муносиб таъмин мегарданд ва баъд аз хатми таҳсил ба Бонки миллии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд. Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар озмун иштирок кунанд, бояд пурсишнома (анкета)-ро пур намоянд. Комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон баъди омӯзиши амиқи пурсишномаҳои довталабон 10 нафар номзадро барои гузаронидани сӯҳбат ба бонк даъват менамояд. Бояд гуфт, ки мӯҳлати қабули пурсишномаҳо — то 11 майи соли равон то соати 17-00 давом хоҳад кард. Рӯзи гузаронидани озмун 14 майи соли 2012, соати 17-30 Пурсишномаҳо бояд ба почтаи электронии OZMUN@NBT.TJ равон карда шаванд. Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-31, 600-32-32

Май 7, 2012 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд