Озмуни Бонки миллии Тоҷикистон
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки миллии Тоҷикистон барои хатмкунандагон ва толибилмони синфҳои 11 – уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ озмун эълон мекунад.Тавре роҳбари дафтари матбуоти Дастгоҳи роҳбарияти бонк Абдуғаффор Қурбонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсад аз гузаронидани ин озмун интихоби номзади беҳтарин (як нафар) барои давом додани таҳсил дар Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроии шаҳри Маскави Федератсияи Русия мебошад. Номзад бояд дар бахшҳои забони русӣ, риёзӣ ва физика донишҳои хуб дошта бошад. Номзади лоиқи талабҳои озмун мутобиқи тартиби муқарраршуда ба соли аввали донишгоҳи зикршуда аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявию иқтисодӣ» қабул карда мешавад. Ғолиби озмун бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин гардида, баъди хатми таҳсил барои иҷрои кор дар Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад.Мувофиқи суханони манбаъ, ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 11 май қабул гардида, натиҷаи он 17 май ҷамъбаст карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






