Парлумон 10 санади муҳимро ба тасвиб расонд

Май 11, 2012 14:37

Душанбе, 11 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз даҳ Созишнома ва Протоколро вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи сеюм, ки 11 майи соли 2012 таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ ва тасдиқ намуданд.Аснод аз Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерўҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо, Созишномаи нигаҳдории тахассуси корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар чорчўбаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ иштирок менамоянд, Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи коркард, истеҳсол, истифода, таъмир, навсозӣ, тамдиди мўҳлати истифода ва нобудсозии маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, Созишномаи усулҳои умумии ташкили иттиҳодияҳои илмии истеҳсолии байнидавлатӣ дар СААД доир ба истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, Созишнома дар бораи мақоми ташаккули қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, Протокол доир ба таъмини мутобиқати техникӣ ва иттилоотии аслиҳа ва техникаи ҳарбии қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, Протокол доир ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи СААД аз 7 октябри соли 2002, Протоколи сеюм доир ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи принсипҳои асосии ҳамкории ҳарбии техникии байни давлатҳои аъзои СААД аз 15 майи соли 1992, Протокол доир ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои СААД аз 6 октябри соли 2007 ва Протокол доир ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 иборатанд. Сўҳроб Маҳмадов, муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, Амирқул Азимов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаҳо зикр намуданд, ки ин санадҳо ба таҳкими ҳамкориҳои самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳое, ки аъзои ниҳодҳои дар боло зикршудаанд, инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният, мубориза бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб нақши муассир мебозанд.

Май 11, 2012 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад