«Пегас» -и Суғд дар Ҷиргатол
Ҷиргатол, 16 май. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Соҳаи картошкапарварӣ барои хоҷагидорони ноҳияи Ҷиргатол соҳаи асосист. Аз гуфтаи муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол доир ба кишоварзӣ Ато Ҷӯрабеков маълум гардид, ки соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия босамар меҳнат карда, дар хоҷагии деҳқонии «Пункти такягоҳ» — дар майдони 60 гектар замин картошка кишт намудаанд. Ато Ҷӯрабеков афзуд, ки 180 тонна картошкаи навъи «Пегас» аз вилояти Суғд ба ноҳия ворид карда шуд. Картошкапарварони ноҳия азм доранд, ки имсол 73000 тонна картошка истеҳсол намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






