Пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва заҳролудшавӣ
Суғд, 29 май. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш, заҳролудшавӣ аз маводи хӯрокӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва риояи ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои истеҳсолӣ ва дигар нуқтаҳои фурӯш, ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар марҳилаи фарорасии фасли гармо аз тарафи сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд амрномаи санитарӣ тартиб дода шуд. Тибқи амрномаи санитарӣ истеҳсол ва фурӯши сарироҳии маҳсулоти қаннодии кремдор, нӯшокиҳои хонагии ташнашикан, тайёр намудан ва фурӯши сихкабоби кӯфта, маводи хӯроки дамкардашуда (рӯйпӯшшуда), макаронӣ ва хӯришҳои дар шароити хона омода кардашуда дар давраи аз 1 – уми май то 1 — уми сентябри соли 2012 боздошт ва фурӯши оби газнок аз аробачаҳо, яхмос аз фрейзер ва коктейли ширӣ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ манъ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






