Пешниҳоди Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ

Май 18, 2012 16:07

Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масоили густариши ҳамкориҳои байни палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар меҳвари мулоқоти Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба иқтисод ва молия ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ – сардори департаменти ислоҳоти сохтори давлатии Бонки Ҷаҳонӣ доир ба Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Билл Доротинск қарор дошт.Раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт: тибқи санади ҳамкорӣ, ки байни Маҷлиси намояндагон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2010 ба имзо расидааст, дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон котибот таъсис дода шуд, ки он фаъолияти худро аз соли 2011 ба роҳ мондааст. Нақши котибот дар мавриди таҳияи лоиҳаи қонунҳои вобаста ба молия ва буҷа калон мебошад, афзуд С. Раҷабов. Мавсуф пешниҳод намуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон мутахассони беҳтаринро ҷалб намуда, нусхаи хулосаҳои ин таҳлилу таҳқиқот ба Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ироа гардад.Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Билл Доротинск сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳониро мувофиқи манофеи ҳарду ҷониб арзёбӣ намуда, хостори тавсеаи муносибот бо Тоҷикистон шуд. Билл Доротинск таъсиси котиботи назди Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагонро омили асосӣ ва таҳкимбахши муносиботи Маҷлиси намояндагон ва Бонки Ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.

Май 18, 2012 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад