Пирӯзии тими футзали Тоҷикистон
Душанбе, 23 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар доираи омодагӣ ба чемпионати Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Араб тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи «Дубай полис клаб» бозии санҷишӣ барпо карда, бо натиҷаи 6 бар 1 дастболо гардид. Дар ин дидор бозингари дастаи «Хайр» Алишер Ӯлмасов ба дарвозаи ҳариф се гол зада, хет-трик кард. Шерзод Ҷумъаев муаллифи ду гол шуд.Сармураббии даста Дамир Камолиддинов аз бозии пешинаи даста, ки бо бохт аз дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳида бо натиҷаи 4 бар 0 ҷамъбаст шуда буд, хулосаи дуруст бароварда, дар хати дифоъ навгониҳо ворид кард. Мутаассифона, дар ин вохӯрӣ Обид Исмоилов ҷароҳат бардошт ва дар бозиҳои оянда дар ҳайати даста бозӣ нахоҳад кард. Вохӯрии ояндаи таҷрибавӣ бо дастаи Куриёи Ҷанубӣ бино ба сабаби ба Дубай дер омадани футболбозони куриёӣ барпо нахоҳад шуд. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби футзали мамлакат баъди анҷоми урдугоҳ дар шаҳри Дубай мустақиман вориди бозиҳои чемпионати Осиё мешавад ва дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Тайван (25май), Ҷопон (26 май) ва Лубнон (27 май) қувва меозмояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






