Пули байни Ғозиён ва Хуҷанд барқарор шуд
Хуҷанд, 21май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бо маблағгузории Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва маблағҳои мутамаркази давлатӣ пули сойи Хоҷабоқирғон, ки 5-уми августи соли 2010 ҳангоми омадани сел хароб шуда буд, аз нав барқарор гардид. Барои ин кор 690 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид. Дарозии пул 36 метр буда, қисми барқароршуда 23,4 метрро ташкил медиҳад. Паҳноияш 7 метр ва иқтидораш 60 тонна аст. Пули сойи Хоҷабоқирғон ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуровро бо маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд мепайвандад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






