Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 29 май, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон маросими вохӯрии омӯзгорону донишҷӯён бо сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма баргузор гардид.Тавре аз шӯъбаи байналмилалии донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои Ҷопон дар донишгоҳ намоиши варзишӣ таҳти унвони «Кендо» сурат мегирад.Қобили зикр аст, ки Ҷопон ба муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Аз давраи истиқлолияти давлатӣ пайдо намудани кишвар Ҷопон ҳамеша Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ният дорад, ки барои таҳким бахшидани сохти давлатдории ҷумҳурӣ ва ривоҷу густариш ёфтани муносибатҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар ҳамаҷониба кӯмак намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






