«Рӯзи шеъри Махдумқулӣ» дар Тоҷикистон
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар толори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ бахшида ба 279-солагии сардафтари адабиёти классикии Туркманистон, мутафаккир Махдумқулӣ дар мавзӯи «Рӯзи шеъри Махдумқулӣ» конфронси илмӣ доир гардид. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Туркманистон» С. Одинаев оғоз бахшид. Сипас иҷрокунандаи вазифаи сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Б. Г. Ниёзалиев аҳли нишастро бо ин рӯзи фархунда табрик намуд. Ҳамчунин Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, олимон М. Музаффарӣ, А. Хоҷаев, С. Муллоҷонов ва дигарон дар мавзӯъҳои «Махдумқулӣ ва адабиёти форсу тоҷик», «Масоили фалсафӣ дар эҷодиёти Махдумқулӣ ва вазъи сиёсию иҷтимоии асри Махдумқулӣ» маърӯзаҳо намуданд. Қайд гардид, ки саҳми Махдумқулӣ дар адабиёти мардуми Шарқ хеле калон аст. Поягузори адабиёти туркман аз намояндагони маъруфи давр ба шумор рафта, бо ду забон- модарӣ ва форсӣ дар васфи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба халқи худ шеърҳо эҷод намудааст. Махдумқулӣ дар ашъораш баёнгари умед ва орзуҳои мардум буда, ба таззодҳои иҷтимоӣ бо андешаҳои худ посух гуфтааст. Дар конфронс олимон, донишмандони маъруфи ҳар ду кишвар, намояндагони сафоратҳо ва туркманҳои муқими Тоҷикистон ширкат намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар Туркманистон ҳар сол 18 май ҳамчун рӯзи эҳё, ягонагӣ ва назм таҷлил гардида, онро мардуми ин сарзамин ҳамчун рӯзи иди давлатӣ ҷашн мегиранд.Тибқи суханони ташкилкунандагон, «Рӯзи шеъри Махдумқулӣ» дар Тоҷикистон аз дӯстии қавии ду кишвари бародар — Туркманистон ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






