Радиои «Ховар» – «Падидаи сол»
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). -Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори рӯзи умумиҷаҳонии озодии баён конфронси кишварӣ таҳти унвони «Озодии баён: воқеият ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» баргузор гашт. Дар конфронс аз ҷониби дабири кулли Ассотсиатсияи Медиа- алянси Тоҷикистон Хуршеди Атовулло ҷоизаи «Падидаи сол» дар бахши радио ба радиои «Ховар» супорида шуд. Хотиррасон мекунем, ки радиои «Ховар» навтаъсис буда, 2 июни соли 2011 аввалин маротиба рӯи мавҷи 101,5 FM садо додааст. Тӯли ин муддати начандон зиёд ин радио тавонист, ки бо мӯъҷазбаёнӣ ва суруду таронаҳои дилошӯб дар байни шунавандагон маҳбубияти хосса пайдо кунад. Мавриди зикр аст, ки шунавандагон метавонанд дар тамоми рӯи олам радиои «Ховар»-ро аз тариқи сомонаи www.khovar.tj низ бишнаванд. Имрӯзҳо шиори радиои «Ховар» вирди забони ҳамагон аст: «Садое, ки бояд шунид!!!»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






