Раиси Маҷлиси миллӣ ба парламентарҳои аврупоӣ чӣ гуфт?
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоташ бо роҳбари ҳайати гурӯҳи Парлумони Аврупо Паоло Бартолотси аз парламентарҳои аврупоӣ хоҳиш кард, ки зимни сафари худ ба Тоҷикистон доир ба вазъи феълӣ, пешрафти ҳаёти мамлакат дар асоси плюрализми сиёсӣ, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ва татбиқи барномаҳои созандаи кишвар ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ воқеияти ҳақиқиро таблиғ намоянд. Дар мулоқот ҳамзамон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо матраҳ гардида, зикр шуд, ки палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо як қатор парлумонҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкории самарабахш дошта, дар ин самт гурўҳҳои дўстии байнипарлумонӣ таъсис дода шудааст. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таваҷҷўҳи ҳайати парлумони Аврупоро ба густариши робитаҳои афзалиятнок нигаронид. Таъкид гардид, ки дар шароити феълӣ тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба мақсад мувофиқ аст. Зикр шуд, ки вазъи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии мавҷуда, ки сармояи бевоситаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 30%-ро ташкил медиҳад, ҷавобгўи потенсиали ҷонибҳо набуда, боиси бознигарист, зеро заминаҳои ҳуқуқӣ ва иродаи мавҷудаи сиёсӣ аз ҷониби тарафҳо тақозо менамояд, ки сатҳи ҳамкориҳо баланд бардошта шаванд.Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалагузорӣ намуд, ки барои рушди муносибатҳои ҳасанаи байнипарлумонӣ зарурати ташкили институти нави дорои нерўи густариши ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо мувофиқи мақсад аст.Паоло Бартолотси афзуд, ки пешниҳодҳои ироагардида дар сатҳи мақоми ваколатдори Парлумони Аврупо баррасӣ гашта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда тамоми тадбирҳо амалӣ мешаванд.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






