Раиси «Созандагони Ватан» бо сиёсатшиносони ҷавон вохӯрд

Май 25, 2012 14:25

Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 24 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов бо донишҷӯёни факултаи «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия)»-и донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз сесад нафар донишҷӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ, минтақашиносӣ ва дипломатия ширкат варзиданд.  Раиси «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов аз ҳадафу мақсадҳои созмон сухан карда, вобаста ба падидаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳониву минтақа, шомилшавии ҷавонон ба ҷараёнҳои номатлуб, принсип ва хусусиятҳои давлати дунявӣ ибрози ақида намуд. Ҳамзамон дастоварду имкониятҳои мавҷудаи даврони истиқлолиятро барои иштирокдорон бори дигар хотиррасон намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар маъракаҳои сиёсӣ аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ даъват намуд. Сипас байни меҳмонон ва донишҷӯён сӯҳбати ошкоро ба вуқӯъ пайваста, сиёсатшиносони ҷавон ҷиҳати пешравии ҳаёти ҷавонон таклифу пешниҳодҳои хешро манзур карданд. Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд ягона муассисаи олии таълимиест, ки мутахассисони сиёсатшинос, минтақашинос ва дипломатро тайёр менамояд.

Май 25, 2012 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад