Раванди худогоҳии миллӣ дар ҷомеа
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории чорабиниҳои мухталиф барои раҳнамун сохтани қишри нерӯманди ҷомеаи тоҷик- ҷавонон ба самти бедории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ талош мекунад. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 17-уми майи соли равон дар толори мактаби №70-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Раванди худогоҳии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони кунунӣ» бо иштироки муовини раиси кумита Мавсума Муинова, кормандони масъули он ва донишҷӯёну мактаббачагон сурат гирифт. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён атрофи мавзӯоти огоҳию бедории насли ҷавон ва шинохти арзишҳои миллӣ, асолат ва ҳуввияти миллӣ дар шароити кунунӣ муколама ороста, роҳу василаҳои раҳнамун сохтани ҷавононро ба самти бедории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






