Роҳҳои пешгирии ҷинояти ноболиғон

Май 7, 2012 16:10

Суғд, 7 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар мулоқоти кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд бо муаллимони мактабҳо ва падару модарон дар гимназияи рақами 24 вазъи ҷинояти ноболиғон дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ шуд ва таъкид гардид, ки гарчанде ҷиноят дар байни ноболиғон тамоюли пастравӣ дорад ва нисбат ба 3 моҳи давраи соли гузашта имсол аз 58 то 39 адад кам шудааст, вале ин ҳолат боиси хотирҷамъӣ шуда наметавонад Дар мулоқоти озоду ошкорои байни хонандагони 5 мактаби шаҳр ҳолатҳои ба қонуншиканӣ даст задани ноболиғон, роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, сабаб ва омилҳои даст ба ҷиноят задани наврасон, нуқтаҳои муҳими қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор гирифтанд.

Май 7, 2012 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад