Роҳбарони агентиҳои иттилоотӣ дар Минск ҷамъ меоянд

Май 25, 2012 14:45

Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар»). – 28 май дар шаҳри Минск иҷлосияи Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин иҷлосия директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсуддинов намояндагӣ мекунад.Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти Шӯрои иттилоотии ИДМ дар ҳошияи солҳои мавзӯӣ дар Иттиҳодро баррасӣ намуда, таҷрибаи кори Агентии телеграфии Беларус (БЕЛТА) дар солҳои 2011 – 2012, лоиҳаҳои ҷории худ, аз қабили намоишгоҳи суратҳо таҳти унвони «20 – соли ИДМ», кори Ассосиатсияи Агентиҳои Иттилоотии Миллӣ, тақвими санаҳои фархундаи Иттиҳодро мавриди муҳокима қарор дода, гузоришро дар бораи доир намудани озмунҳои журналистии агентии ОзарТОҶ мешунаванд.Хотирнишон месозем, ки Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1995 таъсис ёфта буд. Ба он роҳбарони агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия шомиланд. Дар кори Шӯро намояндагони Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина ширкат меварзанд.Мақсад аз фаъолияти Шӯро ташкили механизми фаъоли табодули озоди иттилоот, таъмини ҳамкории кишварҳои ИДМ дар бахши иттилоот, таҳкими мушорикати иттилоотӣ, фароҳам овардани шароити ҷунбиши озоди мутақобилаи иттилоот дар бахши на фақат равандҳои сиёсию иқтисодӣ, балки тамоми маҷмӯи манофеъ, аз ҷумла фарҳанг, илм ва варзиш низ мебошад.Ғайр аз ин, Шӯро бояд ба истифодаи фаъоли нерӯи агентиҳои иттилоотии миллии давлатҳои аъзои Иттиҳод, баланд бардоштани сатҳу самараи мубодилаи мавод, якҷоя намудани саъю кӯшишҳои агентиҳо дар амри интишори фаврии иттилооти холисона мусоидат намояд.

Май 25, 2012 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид