Роҳхат ба бозиҳои олимпӣ зиёд шуд

Май 2, 2012 12:06

Душанбе, 2 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ду нафар паҳлавони тоҷик Расул Боқиев ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шуданд. Бино ба хабари Кумитаи олимпии мамлакат Расул Боқиев баъди дар шаҳри Тошканд дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё шудан дар рейтинги ҷаҳонӣ 5 зина боло баромада, дар зинаи 18-ум ҷой гирифт. Аз рӯи меъёрҳои олимпӣ дзюдочиёне, ки дар вазни худ дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойҳои аз 1-ум то 22-юмро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Расул дар ин ҷода ягона паҳлавони дзюдочӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мувофиқи рӯйхате, ки Федератсияи дзюдои Осиё пешниҳод кардааст, дар Олимпиадаи Лондон иштирок хоҳад кард. Ба ин феҳрист 12 дзюдочии беҳтарини Осиё шомиланд. Расул маротибаи дуввум ва Муҳаммадмурод аввалин бор дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ширкат меварзанд.

Май 2, 2012 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад