Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Чин
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – «Чин ҷонибдори рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аст. Аз ҷониби ҶМЧ дастгирӣ шудани татбиқи як қатор лоиҳаҳои калоне, ки дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон мақоми муҳими стратегӣ доранд, далели ин аст», — гуфт сафири ҶМЧ дар ҶТ Фан Сянжун дар ҷаласа аз рӯи масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ.Дипломати Чин изҳор намуд, ки ба ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ омода аст.Дар муҳокимаи масъалаҳои муҳим намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, Прокурори генералии ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Хадамоти андоз ва гумруки ҶТ иштирок доштанд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони сафорати ҶМЧ дар Душанбе, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Чин дар ҶТ ва роҳбарони корхонаҳои асосии давлатӣ ва ширкатҳои инфиродии Чин, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ҳамчунин намояндагони дигари аҳли тиҷорати Чин ширкат намуданд. Дар ҷаласа Сафиалло Девонаев ба доираи васеи масъалаҳо ҷиҳати ҳалли муносибатҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ дахл кард.Ба масъалаҳои фаъолияти қонунии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Нотиқон зикр намуданд, ки бояд барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ҳамаи захираҳо истифода шаванд. Сафиалло Девонаев қайд кард, ки Хадамоти муҳоҷирати ҶТ омода аст, дар амри ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати дар Тоҷикистон бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҶМЧ мадад расонад.Мавсуф, аз ҷумла, хотирнишон сохт, ки дар назди Хадамоти муҳоҷирати ҶТ барои муҳоҷирони меҳнатӣ телефони боварӣ мавҷуд аст, ки дар ҳар вақти шабонарӯз метавон ба он муроҷиат намуд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






