Сӯҳбати Ш.Саид бо намояндагони БАБТ

Май 31, 2012 14:34

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 30 май раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндагони Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа (БАБТ), роҳбари барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ Шоқтибек Имашов, ҳамчунин мутахассиси калони барномаи ВAS дар Тоҷикистон Ситора Бобоҷонова масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати дастгирии бахши инфиродиро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот Ш.Имашов аз фаъолияти БАБТ дар ҷумҳурӣ, роҳандозӣ шудани машварату тренингҳо ва муаррифии барномаи ВAS ҷиҳати бо истифода аз системаи КАЙЗЕН дар амал татбиқ намудани барномаи мазкур нақл кард. Шариф Саид дар навбати худ қайд намуд, ки дар байни аъзои ПСС ҶТ бисёр коршиносоне ҳастанд, ки дар амри дастрас шудани сертификатҳои амвол маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ҳамчунин зикр шуд, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ проблемаҳои зиёде доранд, ки онҳоро тавассути барномаи нав ҳал хоҳанд кард. Ин проблемаҳо иборат аз маблағгузорӣ ва дастгирии техникии ҳам содироти сабзавот ва меваи тару тоза ва ҳам коркарди онҳо мебошад. Ситора Бобоҷонова зикр намуд, ки дар охири моҳи июн менеҷери Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа оид ба барномаи нав ба Тоҷикистон меояд. Ҷонибҳо аҳд карданд, ки дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои ҷумҳурӣ барои аъзои палата ҳамоишҳои махсус ташкил намоянд.

Май 31, 2012 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд