Сӯҳбати Ю.Федотов бо намояндагони ВАО

Май 31, 2012 16:09

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати СММ дар бахши муборизаи зидди қочоқи маводи нашъаовар ва таҳдиду хатарҳои дигар ба ҷаҳони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Юрий Федотов зимни сӯҳбат бо журналистон аз рӯи натиҷаи мулоқот бо Президенти ҶТ Э.Раҳмон зикр намуд, ки «сӯҳбат бо Президент ба масъалаҳои муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа, ки тавассути сарҳади Афғонистон ворид мегардад, бахшида шуда буд». Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки «Президенти ҶТ Э.Раҳмон бархе пешниҳодоти мушаххасро иброз дошт, ки бояд аз ҷониби СММ ба таври фаъолонаю самарабахштар дастгирӣ шудани саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таъмин намоянд».Мувофиқи суханони Ю.Федотов, ҳамаи ин пешниҳодот мавриди таҳлил қарор гирифта ва дар ҳошияи барномаи СММ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Юрий Федотов ҳамчунин мақоми муҳими Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо дастгирии мустақими Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил ёфта буд, қайд намуд. Мувофиқи суханони ӯ, «алҳол Агентии мазкур хадамоти баландихтисосест, ки метавонад аз самараи фаъолияти худ фахр кунад».

Май 31, 2012 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд