Сӯҳбати Ю.Федотов бо намояндагони ВАО
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати СММ дар бахши муборизаи зидди қочоқи маводи нашъаовар ва таҳдиду хатарҳои дигар ба ҷаҳони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Юрий Федотов зимни сӯҳбат бо журналистон аз рӯи натиҷаи мулоқот бо Президенти ҶТ Э.Раҳмон зикр намуд, ки «сӯҳбат бо Президент ба масъалаҳои муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа, ки тавассути сарҳади Афғонистон ворид мегардад, бахшида шуда буд». Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки «Президенти ҶТ Э.Раҳмон бархе пешниҳодоти мушаххасро иброз дошт, ки бояд аз ҷониби СММ ба таври фаъолонаю самарабахштар дастгирӣ шудани саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таъмин намоянд».Мувофиқи суханони Ю.Федотов, ҳамаи ин пешниҳодот мавриди таҳлил қарор гирифта ва дар ҳошияи барномаи СММ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Юрий Федотов ҳамчунин мақоми муҳими Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо дастгирии мустақими Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил ёфта буд, қайд намуд. Мувофиқи суханони ӯ, «алҳол Агентии мазкур хадамоти баландихтисосест, ки метавонад аз самараи фаъолияти худ фахр кунад».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






