Садои зангўла — анҷоми соли хониш
Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидов).- 25 май дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ «Занги камолот» аз анҷоми соли хониш дарак дод. Ҷамъомадҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар дар сатҳи расмӣ бидуни тўҳфасупорию сайругашт ва шабнишинӣ муддати 45 дақиқа идома ёфта, баъдан толибилмон ба дарсҳо фаро гирифта шуданд. Маҳмудхон Шоев, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, соли равон беш аз 250 ҳазор нафар талаба мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро хатм мекунанд, ки аз он зиёда аз 150 ҳазор нафараш хатмкунандаи синфи 9 ва беш аз 100 ҳазораш хатмкунандаи синфи 11 мебошанд. Маҳмудхон Шоев афзуд, ки бо садо додани «Занги камолот» таҳсил барои хонандагони синфҳои 5-11 ба анҷом расида, толибилмони синфҳои 1- 4 то 31 май дарс мехонанд. Алҳол дар Тоҷикистон беш аз 3700 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






