Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Данғара
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои доир намудани машварати корӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кард. Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара аз мавзеи Сомонҷони ҷамоати деҳоти Лолазор оғоз ёфт. Дар мавзеи Офтобрӯи ҳамин ҷамоат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар ҳашари умуминоҳиявии ҷамъоварӣ ва захира кардани хӯроки дурушти чорво аз алафҳои табиӣ иштирок намуданд. Барои дарави дастаҷамъӣ ва фаровон захира кардани хошоки дурушт ба ин мавзеи беканори сералаф ҳазорон нафар даравгарон, садҳо алафдаравҳои аспию тракторӣ ва техникаю таҷҳизоти ғундорандаю тойбандӣ сафарбар шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз намоишгоҳи чорвои хушзот ва маҳсулоти кишоварзони вилояти Хатлон дидан карда, барои ҷоннок намудани корҳои зарурӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод. Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, дар назди онҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад. Тавре иттилоъ дода шуд, яке аз ҳадафҳои асосии машварат ва ҳам ҳашари умумии алафдаравӣ сабақ бардоштан аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва сари вақт оғоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






