Сармураббии “Ливерпул” ба истеъфо рафт
Душанбе, 17 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Кенни Далглиш, сармураббии дастаи “Ливерпул”-и Англия баъди анҷоми чемпионати ин мамлакат ба истеъфо рафт. Директори кулли ин клуб Том Вернер(Tom Werner) ба ӯ барои хизматаш арзи сипос карда, аз натиҷаи ба дастовардаи даста норизоӣ баён кард. Клуби “Ливерпул” дар мавсим соҳиби мақоми ҳаштум шуда, аз мубориза барои ҷомҳои Аврупо барканор шуд. Кенни Далглиш моҳи майи соли 2011 сармураббии «Ливерпул» таъин гардид. Клуб дар давраи роҳбарии ӯ моҳи январи соли 2011аз дастаи «Аякс» ҳамлагари уругвайӣ Луис Суаресро бар ивази 22,8 миллион евро харид кард, ки он аз ҳама қимматарин бозингар дар мавсим аст. Аз ин пештар ин мураббӣ солҳои 1985-1991 «Ливерпул»-ро машқ дода буд ва ҳамчун бозингар 7 маротиба дар ҳайати ин даста соҳиби унвони чемпионӣ ва се маротиба соҳиби ҷоми чемпионҳои Аврупо гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






