Се голи Рабимов ва ғалабаи қотеъи “Истиқлол”
Душанбе, 17 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Чемпиони соли гузаштаи мамлакат- дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми чемпионати мамлакат дар Лигаи олӣ дастаи “Гвардия”-ро бо ҳисоби қотеъи 6:1 шикаст дод. Иброҳим Рабимов қаҳрамони ин вохӯрӣ гардида, дар дақиқаҳои 33-юм, 35-ум ва 41-ум ба дарвозаи ҳарифон се гол зада, хетт- трик кард. Ҳамдастаҳои ӯ Дилшод Восиев бо ду тӯб (дақиқаҳои 53-юм ва 84-ум) ва Юсуф Рабиев дар дақиқаи 40-ум шумораи голҳои дастаро афзуданд. Ягона голи “шараф”-ро аз дастаи мизбон Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 68-ум ба ҳадаф расонд. “Гвардия” дар чемпионати имсола то ҳол ягон имтиёз ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин аст. “Истиқлол” баъди ин ғалаба ба мақоми сеюм баромад. Алҳол дар ҷадвали мусобиқа “Равшан” бо 15 имтиёз пешсаф аст. “Регар- ТадАЗ” бо 13 хол аз 5 бозӣ ӯро дунбола мекунад.Даври 7- ум 19-уми май оғоз хоҳад шуд.”Энергетик” бо “Ҳосилот”, “Гвардия» бо «Равшан», “Регар-ТадАЗ” бо “Хуҷанд” қувва меозмоянд. Як рӯз баъд “Парвоз” бо “Хайр”, “Вахш” бо ”Зарафшон” ва ССКА “Помир” бо ”Истаравшан” вориди майдон мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






