Семинари миллӣ «Дар роҳи иқтисоди сабз»

Май 10, 2012 09:51

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ дар «Кохи Ваҳдат» дар доираи омодагӣ ба конфронси СММ доир ба рушди устувор (Рио+ 20), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Рио-де- Жанейрои Бразилия баргузор мегардад, семинари миллӣ дар мавзӯи: «Дар роҳи иқтисоди сабз» доир гардид.  19-20 –уми октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар конфронс доир ба рушди устувор (Рио+20), ки ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шуда буд, намояндагони 140 кишвар ва ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории конфронси байналмилалӣ, ки тибқи қарори Маҷмаи Кулли СММ, ки моҳи июни соли 2012 дар шаҳри Рио-ди-Жанейро бо иштироки 20 давлати дунё баргузор мегардад, ҷаласаи махсусро ҷиҳати пешбурди сиёсати обию энергетикии кишвар ва ташвиқу тарғиби захираҳои бои гидроэнергетикии кишвар доир намуд.Дар кори семинари миллӣ муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимов, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президент, ҳамоҳангсози доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон А.В. Зуев ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва коршиносон ширкат варзиданд. Семинр лоиҳаи шарҳи миллии иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистонро, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба конфронси байналмилалии СММ (Рио+20) бахшида шудааст, пешниҳод намуд. Дар кори семинар коршиносони экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимо сухан гуфта, андешаҳои худро доир ба рушди устувор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути иқтисоди «сабз» баён намуданд.

Май 10, 2012 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд