Семинари муҳаррирони ҷавон

Май 24, 2012 11:39

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҳошияи барномаи «Семинарҳо дар мавзӯи озодии иттилоот барои сармуҳаррирони ВАО Осиёи Марказӣ» аз 24 то 26 май дар шаҳри Душанбе семинари муҳаррирони ҷавони нашрияҳо ва агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон баргузор мешавад.Семинарро Ассосиатсияи миллии ВАО мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди байналмилалии ҳифзи озодии сухан ва бо дастгирии Барномаи байналмилалии рушди коммуникатсияи ЮНЕСКО доир менамояд. Тавре хадамоти мониторингии Ассосиатсияи миллии ВАО мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад, дар семинар масъалаҳои афзалияту нуқсонҳои озодии иттилоот, принсипҳои асосии озодии иттилоот дар заминаи қонунгузории миллӣ, меъёрҳои байналмилалӣ ва тамоюлҳои дастрасӣ ба иттилоот ва ғайра мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Май 24, 2012 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд