Шаҳрдор ба ҷавонон чӣ гуфт?

Май 23, 2012 17:00

Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷавонони пойтахтро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Рўзи ҷавонон 23- май зимни мулоқоташ самимона шодбош гуфта, ба онҳо барои нақши муассир гузоштан дар пешрафту ободонии пойтахт ва кашфи асрори илму дониш даъват ба миён оварда, дар кору рўзгорашон комёбиҳо таманно намуд. Мулоқоти шаҳрдори Душанбе бо ҷавонони пойтахт дар доираи «Даҳ Рўзи ҷавонони шаҳри Душанбе» дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» баргузор гардид ва дар он фаъолҷавонони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе, мулоқоти раиси шаҳр бо ҷавонон дар фазои ошкоро ва озодбаёнӣ барпо шуд. Раиси шаҳр аз дархосту ниёзҳои ҷавонон огоҳ гардида, дар ҳалли онҳо бо инобати ҷалби нерўи ҷавонони ташаббускор ба масъулини шаҳрдорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз мавқеъгириҳои нокифояи ҷавонон ва иттилои кофӣ надоштани онҳо аз ҳаёти шаҳр, ки мебоист доир ба пешрафту ҳалли норасоиҳои ҷойдошта бештар саволу пешниҳод ва масъалагузорӣ мекарданд, изҳори нигаронӣ намуд. Ҷиҳати идомаи сўҳбат ва мукотибаҳои мақсаднок раиси шаҳр таъкид намуд, ки ҷавонон имкон доранд дар зарфи як моҳ дархосту пешниҳодҳои худро тавассути почтаи электронии раиси шаҳр dushanbe80@yahoo.com, саҳифаи раиси шаҳр дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук ё худ тавассути Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ирсол созанд.

Май 23, 2012 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад