Шаҳрдор хотираи ҳунарпеша ва шоиронро абадӣ мегардонад
Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи Ҳанифа Мавлонова, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ /ИҶШС/, вакили мардумии ИҶШС, профессор, кўчаи Пионерскаяи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба номи Ҳанифа Мавлонова гузошта мешавад. Дар ин хусус қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тасвиб расид. Ҳамзамон бо қарорҳои дигари шаҳрдорӣ кўчаи Привокзалнаяи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Қутбӣ Киром, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ гузошта шуда, кўчаи 9 январи ноҳияи Сино ба исми Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ номгузорӣ мегардад. Ин иқдом бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шахсиятҳои барҷастаи миллат, ки дар рушду такомули санъати мусиқии касбӣ ва опера, тарбияи кадрҳои соҳаи санъат, баланд бардоштани пояи назми тоҷик, рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ саҳми беназир гузоштаанд, қабул гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






