«Шабе дур аз Ватан» Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Май 21, 2012 15:02

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 28 то 31 майи соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон фестивали байналмилалии «Театрҳои майдонӣ» бо ҷалби беҳтарин намоишномаҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳайати гурӯҳи ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» (андешаҳои театрӣ аз ашъори Бозор Собир) муаррифӣ менамояд. Ба саҳнагузорандаи намоишнома коргардони шинохтаи ҷумҳурӣ Нозим Меликов буда, дар он ҳунармандон Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарифӣ ва дигарон нақш мебозанд. Ширкати ҳунармандони тоҷик дар ин ҷашнвора бори дигар собит месозад, ки фарҳангу ҳунар чун василаи муҳим баҳри ҳамгироӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии кишварҳо хидмат менамояд. Ин тадбир бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов хабар доданд.

Май 21, 2012 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад