«Шабе дур аз Ватан» Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 28 то 31 майи соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон фестивали байналмилалии «Театрҳои майдонӣ» бо ҷалби беҳтарин намоишномаҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳайати гурӯҳи ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» (андешаҳои театрӣ аз ашъори Бозор Собир) муаррифӣ менамояд. Ба саҳнагузорандаи намоишнома коргардони шинохтаи ҷумҳурӣ Нозим Меликов буда, дар он ҳунармандон Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарифӣ ва дигарон нақш мебозанд. Ширкати ҳунармандони тоҷик дар ин ҷашнвора бори дигар собит месозад, ки фарҳангу ҳунар чун василаи муҳим баҳри ҳамгироӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии кишварҳо хидмат менамояд. Ин тадбир бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






