Сиккаҳои БМТ дар озмун

Май 15, 2012 15:12

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 15 апрели соли равон дар сомонаи озмуни «Бурҷи сиккавӣ-2012» (“Монетное созвездие – 2012”) www.gold10.ru овоздиҳии интернетии тангаҳо барои дарёфти ҷоизаи “Приз зрительских симпатий”оғоз ёфтааст. Ҳамон тангае соҳиби ҷоиза мегардад, ки шумораи бештари овозҳоро ба даст орад. Овоздиҳии интернетӣ то 31 майи соли равон идома меёбад. Эълони натиҷаҳо ва супоридани мукофот ба ғолибон 14 июни соли 2012 дар шаҳри Маскав дар маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни “Монетное созвездие – 2012”, дар доираи сеюмин конфронси байналхалқӣ ва намоишгоҳи тангаҳо- КОИНС-2012 баргузор мегардад. Дар озмун 250 сиккаи Бонкҳои марказӣ ва сиккахонаҳои 29 давлати дунё ба маърази тамошо гузошта шудаанд.  Аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тангаҳои БМТ, ки ба ин озмун пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзанд, ба ифтихори “20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “20–солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ба муомилот бароварда шудаанд. Дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмун бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз муштариён ва хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки тангаҳои миллии моро, ки дар озмун иштирок доранд, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи зерин: http://www.gold10.ru/cgi-bin/coins2012_rus.cgi изҳор намоянд.

Май 15, 2012 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад