Сиккаҳои БМТ дар озмун
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 15 апрели соли равон дар сомонаи озмуни «Бурҷи сиккавӣ-2012» (“Монетное созвездие – 2012”) www.gold10.ru овоздиҳии интернетии тангаҳо барои дарёфти ҷоизаи “Приз зрительских симпатий”оғоз ёфтааст. Ҳамон тангае соҳиби ҷоиза мегардад, ки шумораи бештари овозҳоро ба даст орад. Овоздиҳии интернетӣ то 31 майи соли равон идома меёбад. Эълони натиҷаҳо ва супоридани мукофот ба ғолибон 14 июни соли 2012 дар шаҳри Маскав дар маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни “Монетное созвездие – 2012”, дар доираи сеюмин конфронси байналхалқӣ ва намоишгоҳи тангаҳо- КОИНС-2012 баргузор мегардад. Дар озмун 250 сиккаи Бонкҳои марказӣ ва сиккахонаҳои 29 давлати дунё ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тангаҳои БМТ, ки ба ин озмун пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзанд, ба ифтихори “20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “20–солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ба муомилот бароварда шудаанд. Дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмун бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз муштариён ва хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки тангаҳои миллии моро, ки дар озмун иштирок доранд, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи зерин: http://www.gold10.ru/cgi-bin/coins2012_rus.cgi изҳор намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






