Ситодро муовини аввали раис роҳбарӣ менамояд

Май 14, 2012 15:47

Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шурўъ аз моҳи май дар пойтахт ҷаласаҳои ситоди шаҳрӣ доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 оғоз меёбад. Ситоди мазкур тибқи қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе созмон дода шуда, ба ҳайати он муовинони раиси шаҳр, раисони чор ноҳияи пойтахт, сардорони сохторҳои гуногуни марбутаи шаҳрӣ шомил буда, Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе роҳбарии ситодро ба ўҳда дорад. Инчунин аз 15 сентябр то 15 ноябр ҷаласаҳои ситод ду маротиба дар як ҳафта гузаронида шуда, дар ҷаласаҳои сайёри он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбута низ ширкат менамоянд. Ҳамзамон дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои омодасозии корхонаю муассисаҳои муҳандисии ҳаётан муҳими пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 таҳия шудааст.

Май 14, 2012 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд