Сиёсатмадорони ояндаи ИДМ ҷавононанд

Май 17, 2012 17:04

Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ созмон дода мешавад, ки ҳадафаш дастгирии ҷавонон ва тарбияи сиёсатмадорони ояндаи кишварҳои ИДМ аст. Ин иқдом зимни ҷаласаи 37-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, ки 17 май дар қасри Таврическийи Санкт-Петербург доир шуд, пешниҳод гардид. Ҳамзамон дар анҷоми ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба ўҳда дорад, дар қароргоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар қасри Таврический бо намояндагони парлумони ҷавонони Тоҷикистон мулоқот намуд. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои фаъолияти ҷамъиятии минбаъдаи ҷавонон ҷиҳати идомаву ташаккули анъанаҳои неки рушди демократии ҷомеа ва институти парламентаризм барои наслҳои оянда маслиҳатҳои муфид дод.

Май 17, 2012 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад