Сохтмони маркази барқу гармдиҳӣ дар Шӯроб
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-8 май дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd бо сардории Хилай Абдулсаттор баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва сохтмони маркази барқу гармдиҳиро бо истифода аз ангишт (300 мВт) дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо Ёддошти ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd дар соҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва Ёддошти ҳамкориҳо дар самти бунёди сохтмони маркази барқу гармдиҳӣ бо истифода аз ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






