Сохтмони нақби «Чормағзак» вусъат меёбад
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар сохтмони нақби «Чормағзак» бояд боз масофаи 1 ҳазору 600 метр пармакорӣ шавад. Аз оғози татбиқи лоиҳаи ин сохтмон масофаи 2 ҳазору 780 метр пармакорӣ ва 2 ҳазору 390 метр бетонрезӣ шудааст. Тавре аз Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе — Чаноқ» — и Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, дар ин рӯзҳо бинокорон суръати корро хеле баланд бардоштаанд.Қобили зикр аст, ки баъди ба истифода додани нақби «Чормағзак» масофаи роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мешавад. Мувофиқи лоиҳа масофаи умумии ин нақб 4 ҳазору 330 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Чин амалӣ мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






