Созишномаи ХМ ва Ҷ ҲА

Май 2, 2012 16:10

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Имрӯз, 2 май дар Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов доир гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот С. Девонаев доир ба таъсиси Хадамоти муҳоҷират, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастовардҳои хадамот дар тӯли як сол маълумоти муфассал дод.Дар навбати худ Зафар Муҳаббатов дар бораи ифтитоҳи марказҳои муҳоҷират дар шаҳру навоҳии кишвар иттилоъ дода, хостори ҳамкории зичи Хадамоти муҳоҷират бо ин марказҳо гардид.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳҳои оянда бо кӯмак ва дастгирии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар бинои Хадамоти муҳоҷират Маркази омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ сохта ва ба истифода дода мешавад.Дар интиҳои мулоқот Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Май 2, 2012 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд