Созишномаи мудофиаи зиддиҳавоӣ тасдиқ шуд

Май 11, 2012 14:20

Душанбе, 11 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерўҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопайморо 11 майи соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуд. Ҳуҷҷати мазкур 3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз муқаддима ва даҳ модда иборат аст. Сўҳроб Маҳмадов, муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт: созишнома бо мақсади таъмини бехатарӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ, мухолифат бо терроризм ва таъмини роҳҳои ягона дар ташкили фаъолияти навбатдории нерўҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ қабул шудааст. Он барои мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ барои муайян намудани тартиби фаъолият ҳангоми таҳдиди хатари содиршавии амали террористӣ дар фазои ҳавоӣ асоси ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Май 11, 2012 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад