Сўҳбати Сарвари давлат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ таъиншуда

Май 11, 2012 14:36

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо ба кори содиқонаю софдилона, боло гузоштани манфиати давлату миллат аз ҳамаи манофеи дигар ва хизмати одилона ба мардуми кишвар ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон, хусусан дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Ба кадрҳои мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ доир ба пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва таъмини волоияти қонун дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ амалӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 11, 2012 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард