Тӯҳфаи президент ба «Равшан»- и Кӯлоб
Душанбе,21 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тими футболи «Равшан»-и Кӯлоб автобуси хидматӣ тӯҳфа кард. Тавре ки Акрам Ҳусейнов, директори фаннии клуб изҳор доштааст: «президенти кишвар соли гузашта дар як сафараш ба шаҳри Кӯлоб ваъда карда буд, ки ба дастаи футбол автобус тӯҳфа хоҳад кард. Хушбахтона, ин тӯҳфа ба мо расид ва мо аз Ҷаноби Олӣ барои кӯмакашон минатдорем. Аз тарафи дигар ғамхории эшон буд, ки сарпарастони дастаи мо пайдо шуданд ва мо ваъда медиҳем, ки бо бозии хуб дастаро соҳиби унвони чемпионӣ мегардонем».Маъракаи расмии супоридани автобуси тамғаи HSZ6106 «Hunan Hengshan Qiche Zhizao» аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 май пеш аз вохӯрии «Равшан» бо «Парвоз» сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






