Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 10, 2012 09:15

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар» , Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидов ба вазифаи директори студияи синамои «Тоҷикфилм» таъин гардид. Ёдовар мешавем, ки Носир Саидов то ин муддат ба сифати таҳиягар ва продюссер дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ фаъолият мекард.Носир Саидов узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, яке аз коргардонҳои маъруфи тоҷик буда, дар таҳияи ӯ филмҳои зиёд рӯи навор омадаанд. Машҳуртарин филми ӯ, ки соҳиби чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардид, «Қиёми рӯз» мебошад. Имрӯз ҳамчунин бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафаров ба вазифаи директори генералии Муассисаи давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» таъин гардид.Давлат Сафаров 6 сол инҷониб ба ҳайси муовини аввали директори Шабакаи аввали Кумитаи телевbзион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ фаъолият кардааст.  

Май 10, 2012 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд