Тағйирёбии иқлим дар Душанбе баррасӣ шуд
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тоҷикистон дорои табиати нодир буда, ҷиҳати омўхтани таъсири тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон яке аз пажўҳишгоҳҳои табиӣ маҳсуб меёбад». Ин матлаб 22 май дар Душанбе зимни баргузории конфронси байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба экосистемаи минтақаи хушк ва баландкўҳи Осиёи Марказӣ» оғоз гардид, зикр шуд. Конфронс бо ибтикори Пажўҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Маркази байналмилалии илмию техникӣ /МБИТ/, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Тоҷикистон, Бонкъи миллии Тоҷикистон, Ассосиатсияи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ва ҶСШК «Системавтоматика» созмон дода шуда, дар он олимону экологҳои шинохта, мутахассисони варзидаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва энергияи барқароршаванда аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва соири созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. «Ҳадаф аз ташкили конфронс таҳлили равандҳо барои муайян намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистема аст»,- гуфт Мамадшо Илолов, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ. Мавсуф афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур диққати махсус дода, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Зеро СММ Тоҷикистонро ба сафи ҳафт кишвари ба тағйирёбии иқлим осебпазир дохил намудааст, зикр шуд, ки гузаронидани нишасти мазкур бо ҳузури мутахассисони барҷастаи соҳа дар Душанбе бисёр муҳим ва муфид буда, барои интихоби меъёрҳо ҷиҳати мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки дар зарфи чанд даҳсолаи охир тағийрёбии глобалии иқлим дар рўи замин мушкилоти аввалиндараҷаи экологиро барои инсон ба вуҷуд овардааст. Яке аз омилҳои асосии тағйирёбии экосистема ва иқлим муносибати нодуруст ва таъсири номуосиди инсон ба муҳити зист аст. Иштирокдорони нишаст доир ба паҳлўҳои гуногуни ҷилавгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаи минтақаи хушк ва баландкўҳи Осиёи Марказӣ ва соири масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим табодули назар намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад






